КӮЛОБ. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва баргузории ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи маҳал Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳо бо мардум чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ карда истодааст.
Ин навбат дар деҳаи Мирапоқи ҷамоати деҳоти Даҳана вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки сокинон баргузор карда шуд.
Зимни он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва фаъолзани ҳизбӣ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 Саидова Соро иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки тоҷикон, аслан мардуми ҳунарманданд, анъанаи суннатии устодию шогирдӣ, ҳунармандони асилро тарбия намуда, бо ҳамин роҳ ҳунармандӣ аз насл ба насл идома меёбад. Ба хотири аз байн нарафтани ҳунарҳои мардумӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.