БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Асолати миллӣ дар ҳунарҳои мардумӣ эҳё мегардад

ПАНҶ. Тоҷиконро  ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳибтамаддун  ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву  хайрхоҳона  мешиносанд. Ин гуфтаҳо бори дигар моҳияту аҳамияти бузурги эҳё ва густариши урфу одатҳои неки мардумиро дар рушду нумӯи кишвар ва тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа равшан  месозад. Асолати  миллии мо  дар гулҳои чакан  нақш бастааст.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  Файзиев Каримҷон чорабинии фарҳангӣ- ҳунарии маҳаллаи Гулистон 2-и ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдатро оғоз намуда, оид ба моҳияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда,  аз ҷумла қайд кард, ки эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир мегузорад.

Ҳамчунин, зимни суханронӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки бо дарназардошти он, ки соли 2018 дар вилоят Соли тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал эълон гардидааст, бинобар ин Кумитаи иҷроияи дар ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар ҳар як маҳаллаю деҳоти ноҳия  чунин тадбирҳои фарҳангиву сиёсӣ, оммавиро ба   роҳ  монда  истодааст.

Дар чорабинӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои дастии сокинони маҳалла, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қурокдӯзӣ, заргарӣ, қошуқу табақтарошӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин, зимни баргузории чорабинӣ ба як оилаи  навтаъсис шаҳодатномаи ақди никоҳ супорида шуд.

Дар охир ҳунармандони деҳа барои иқдоми пешгирифта иброз доштанд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ бештар маҳсулот истеҳсол намуда, ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё намоянд.

 

 

 

 

 

                                                       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg