НОРАК. Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тутқавул”-и маҳаллаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.






















