БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафарбар намудани сокинон ба эҳёи урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар деҳот

Ҷ.БАЛХӢ. Мутобиқи нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаҳои Балхӣ, Куҳдоман,Сомониён 1,2,3 Сулҳ ва Пушкини ҷамоати шаҳраки Балх бо мақсади амалигардонии Соли тақвияти робита бо маҳал, татбиқи амалии Соли рушди сайёҳї ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин паст намудани сатҳи бекорӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раис-мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар ва мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Х. Асоев  иштирок ва суханронӣ карданд.

Вохӯриро Содиқова Меҳрубон ифтитоҳ намуд, қайд кард, ки имрӯз сокинони маҳаллаҳ бо як масъулияти баланд ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати сазовор  ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо тайёрии мукаммалу ҷолиб чунин чорабиниифарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор намуданд.

Инчунин, мавсуф  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, таъриху моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзхи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, сокинонро бо ҷашнҳои  дарпешистода  муборакбод гуфта, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg