БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикон миллати бофарҳангу тамаддунофаранд

НОРАК. Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тутқавул”-и маҳаллаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр  чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хеш, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва хӯрокҳои миллии омодакардаашонро   ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон бо хушнудӣ пазируфта шуданд.

Зимни вохӯрӣ Қумриниссо Гулмуродзода  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ, дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   аз ҷумла дар бораи тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии ВНМО суханронӣ намуд.

Инчунин, Гулмуродзода Қумринисо  дар бораи ҳамкориҳои дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ  ибрози ақида карда, ҳамагонро барои расидан ба қадри ташаббусҳои неку иқдомҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат дар рушду тараққиёти  кишвар ва пойдории сулҳу субот  раҳнамоӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg