БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Масъулон ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст диҳанд

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” хониши сиёсӣ оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин оид ба мафҳуми “экстремизм” ва “терроризм”, сабабҳо,  омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд, таҳлили комили таснифоти терроризм, мубориза бар зидди он, пешгирии шомилшавии ҷавонон баромад намуд.

Инчунин, дар идома мавсуф оид ба  ҳодисаи нангине, ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст  мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷамъомадагон баҳри ҳифзи сулҳу суботи мамлакат, аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварда,амалҳои нопоку муғризонаи хоинони давлату миллатро маҳкум карданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg