БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти робита бо маҳал-ҳадафи асосии ҲХДТ

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сарфароз» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва сокинони кӯчаҳои баландошёнаи ба номи Носири Хусрав ва Эмоми Аъзам чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиро заҳмати чеварону тарроҳони гулдасти кӯчаву маҳаллаҳо, аз қабили чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чаканкашӣ, попурӣ, сару либоси арӯсию домодӣ, ҷиҳози гаҳвора , либосҳои кӯдакона аз чакан ва инчунин, хӯрокҳои миллӣ отала, гандумҷӯш, шакароб, қурутоб, фатирмаска, ош, ширбиринҷ, ширкаду, нони фатирӣ, чаппотӣ, кулчаи калону майда, қалама, самбӯса, таҳмол оро медод, масъулин дидан карданд.

Зимнан дар қисмат сиёсии чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, тарғиби сару либоси миллӣ ва инчунин, оид ба пешгирии шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия, мубориза бар зидди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон мавсуф дар идомаи суҳбат аз таърих ва моҳияти Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавридибаррасӣ қарор дода, сокинонро бо ҷашнҳои дарпешистодаи пурифтихори миллаттабрику муборакбод намуд.

Сипас, масъулин ба ташкилкунандагони чорабинии номбурда изҳори миннатдорӣ баён карда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ба фаъолон Сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg