БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Анъанаҳои миллӣ дар деҳот ҳифз гаштаанд

КӮЛОБ. Имрӯзҳо дар маҳаллаю деҳаҳои шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо маром идома  дорад. Дар доираи ин дар маҳаллаи Истиқлол бо ҷалби сокинон намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Сокинон дастаҷамъона ҳунарҳои дастии худ ва хӯрокҳои миллиро ба маърази дид гузоштанд. Зимни чорабинӣ, дар маҳаллаи мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин,   мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки таърих гувоҳ аст, ки аз қадим мардуми тоҷик ба ҳунарҳои миллӣ шавқу ҳаваси беандоза доштанд. Ҳунарҳои дастӣ ҳамеша ба ҳаёти инсонҳо алоқаманданд. Бо ин мақсад ташаббуси Сарвари давлат оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саривақтӣ буда, баҳри пешравии ин соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки сарватҳои миллӣ ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд. Сайёҳон бо таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвар рӯ меоранд ва тавассути онҳо чунин ҳунарҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ мегарданд.

Чорабинӣ бо роҳандозии намоиши фарҳангӣ ба охир расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg