БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастовардҳои даврони Истиқлолиятро таърихан бояд ҳифз намуд

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Олимобод»-и ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб вохӯрӣ доир гардид.

Дар баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолов Абӯбакр ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Зиёда Фахсова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан масъулин ҷамъомадагонро бо фарорасии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат ва ҳуҷҷати тақдирсоз табрику муборакбод гуфта, дар бораи таърихи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолият, ба хусус фароҳам гардидани дӯстии байни миллатҳои бо ҳам бародар тоҷику ӯзбек аз натиҷаи ташаббусҳои беназири Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ, мавриди истифода қарор гирифтани садҳо иншоотҳои бузург дар соҳаи саноат, фарҳангу маориф, тандурустӣ ва инчунин, барои ба кор даромадани чархаи якуми Нерӯгоҳи оби барқии Роғун, ки рӯзҳое ба шумор мондааст, андешаронӣ намуда, зикр карданд, ки ин ҳама пешрафту тараққиёт далели оромӣ, суботи кишвар вазаҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва ҳар яки моро лозим аст, ба қадри сулҳу суботи кишвар, ғамхориҳои Роҳбари давлат бирасем ва барои боз ҳам шукуфону ободтар гардидани Ватани маҳбубамон бештар заҳмату меҳнат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg