БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ омодаанд

ВОСЕЪ. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи дурдасти Саричашмаи ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли таќвияти робитабо мањал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот бо сокинон масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМК Бадахшон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба бар намудани либосҳои хоси тоҷикӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар идома аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои иштирок дар озмунҳои ҳизбии “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ, “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал”, “Тарроҳи беҳтарин” даъват ба амал оварда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg