БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг ҳастии миллат ва муаррификунандаи таърихи пурғановати кишвар аст

ВАХШ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар деҳаи Рӯзободи ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов иштирок ва суханронӣ намуда,  иброз дошт, ки кишвари мо воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо буда, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои миллати тоҷик як  ҳадяи бузург аст, ки таввасути ин иқдом ҳунарҳои миллиамон аз нав бо рангу шакли такмилёфта эҳё мегардад.  

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи тараққиёт ва пешрафти кишвар буда, аз манфиат холӣ нест,  аз ҷумла боҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанҳои хоси миллиамон мебошад.   Пас аз суханрониҳои судманд  масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони завқманди маҳалла ба намоиш  гузошта буданд дидан намуда, ба ҳунару маҳорати волои ҳунармандони чирадасту хушсалиқа баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg