ХОВАЛИНГ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ба ифтихори санаҳои фархундаи сол - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор андохтани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар шуъбаи фарҳанги ноҳия аксияи ҳизбӣ гузаронида шуд.

























