БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун нишонаи саодат аст

ХОВАЛИНГ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ба ифтихори санаҳои фархундаи сол - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор андохтани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар шуъбаи  фарҳанги ноҳия аксияи ҳизбӣ гузаронида шуд.

Дар назди иштирокдорон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар  Халилзода  баромад намуда, моҳият ва аҳамияти рӯзҳои таърихиро бо овардани мисолҳо ба ҳозирин фаҳмонида, онҳоро барои расидан ба қадру манзалати хизматҳои бузургу беназири  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  раҳнамоӣ намуд. 

Дар охир ба ҳамагон маводҳои таблиғотӣ, ки дар он аксҳо аз рафти  сохтмони НОБ-ива Пешвои миллат таҷассум ёфтаанд, дастрас  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg