БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони деҳаи Ҳаёти нав аз ҷашнҳои муҳим истиқбол гирифтанд

ФАРХОР. Сокинони деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ғайрат кушодашавии чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд.

Сокинони деҳа бо шукургузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои муҳими таъхрихиро  бо суруду шеърхонӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоиши расмҳои хонандагон, ки махсус ба ифтихори ин идҳо кашидашуда буданд,  тантанавор ҷашн гирифтанд.  

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор доир гардид.

Дар ин чорабинӣ, сараввал, кормандони масъули  Кумитаи иҷроия Шаҳбози Искандар ва Раҳмонов Далер аз намоиши ҳунарҳои дастии сокинон, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва расмҳои кашидаи хонандагон дидан намуда, сипас, ҳозиринро ба ифтихори ҷашнҳои таърихӣ табрику муборакбод намуданд.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ консерти идона барпо гардида, хонандагон дар васфи Ватан, Роғун, Президент ва Парчам шеъру сурудхонӣ ва рақсу бозӣ карданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg