БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Фурӯғи нури Раҳмонӣ”-ро сокинон якдилона ҷонибдорӣ карданд

КУШОНИЁН. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Роғун бо сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар деҳаи Иттифоқи  ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир  гардид.

Сокинони ватандӯсти деҳаи Иттифоқ чорабиниро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намудҳои гуногуни кашидадӯзиҳо, сабзавоту меваҷот,  намудҳои гуногуни нону таомҳои миллӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ин намоиши ҳунарҳои мардумӣ ҳамагон дидан карданд.  

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва дигар шахсони давъатӣ  оид ба ҷашнгирии Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Роғун андешарониҳо  намуданд.

Ҷолиби қайд аст, ки дар баргузории чорабинии мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  фаъолона ширкат варзида,  пас аз ҷамъбасти чорабинӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Фурӯғи нури Раҳмонӣ”-ро роҳандозӣ гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg