БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон ба сафи ҳизб шомил мешаванд

ЁВОН. Мутобиқи банди 3.1-и Оинномаи ҲХДТ ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 солагӣ расидааст, узви ҳизби сиёсӣ шуда метавонад. Аз бахши омори ноҳияи Ёвон се нафар корманди ҷавон ба унвонии Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия барои пайвастан ба  сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд. Пас аз омӯзиш муайян гардид, ки онҳо шахсони арзанда буда, ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд.

Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба се нафар кормандони ҷавони бахши омори ноҳия шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Ҷавонони мо, бо дарки масъулият ва рӯҳияи баланди хештаншиносӣ дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонанд, ки баҳри Ваҳдати комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар саҳми босазои худро  гузоранд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ҷавонон қувваи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа буда, дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи марзу бум, ваҳдату ягонагӣ ва осоиштагии мардум талош варзидаанд.

Дар навбати худ, ҷавонони иззатмандро лозим аст, ки  ин эътимоду боварии халқу Ватанро арҷгузорӣ карда, малакаву маҳорат, далериву ҷасорат ва қуввату қудрати худро баҳри тараққиву таҷаллии сарзамини аҷдодии хеш ва барои ҳаёти зебои оянда саъю талош варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg