
ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯро ОлииҶумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани чархаи аввали НБО-и Роғун роҳпаймоӣ баргузор гардид.
Роҳпаймоӣ аз чор гӯшаи шаҳракӣ Москва сар шуда, то боғифарҳангӣ-фароғатии ноҳия, ки макони асосии тантанаҳои ҷашнӣ буд, баргузор гардид.
Иштирокдорони раҳпаймоӣ бо шиору овезаҳои «Фурӯғи нури Раҳмонӣ», «Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан», «Чун обу ҳаво ба мо зарурӣ, Роғун», «Оҳанги ҳама савту сурури Роғун.», «Роғун кохи нур» ва «Эмомалӣ Раҳмон меъмори Роғун» муҷаҳҳаз гардида буданд.