БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли тақвияти робита бо маҳал дар амал

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Қаҳрамон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода дар бораи  таърих ва моҳияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани агрегати якуми НБО-и Роғун суханронӣ карда,  қайд  намуд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияи комили  энергетикӣ мебошад. Пас аз ба кор даромадани агрегати якуми НБО Роғун мо ба истиқлолияти  пурраи  энергетикӣ расидем. Ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати саросарӣ мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg