БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ эҳё гашта истодаанд

Ш.ШОҲИН. Тибқи нақшаи кории  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар  деҳаи Сартанги ҷамоати деҳоти Саричашма суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир гардид.

Дар вохӯрӣ Ҳошимов Абдураҳим мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иштирок дошта,  дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва ба истифода додани чархаи Нерўгоҳи барқи обии Роғун, терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро суханронӣ намуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ Мадаёмов Мирзоалӣ вакили деҳаи болозикр ба андешаҳои судмандро  ҷонибдорӣ намуда, сокинонро барои боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз ба корҳои созандагиву ободонӣ даъват намуд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg