ВОКУНИШ. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки дар ҳар давру замон давлатсозию миллатсозӣ, тавъам бо манфиату ормонҳои сирф миллӣ бошад, алалхусус, барои кишварҳои хурду, аз лиҳози аҳолӣ камнуфус мушкилиҳое доштааст. Мапсалан таҷрибаи начандон дури таърихии миллати тоҷикро агар варақгардон кунем, ин гуфтаҳо тасдиқи дақиқи худро меёбанд.



























