БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу суботу амнияти кишвар

АНДЕША. Аслан ҳар як суханронӣ, ё иқдому ташаббусе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд, ҳадаф, маром, маънӣ ва моҳияти ватандӯстона дорад. Ватандӯстӣ низ дар тадбиқи амалҳои созанда ва ободкорӣ ба нафъи шукуфоии Ватан зоҳир мегардад.

Махсусан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Муҳим он аст, ки ватандӯстӣ набояд танҳо дар сухан бошад. Ватандӯстие, ки танҳо дар забон асту ба амали муайн воқеият пайдо накардааст, намоишкорӣ ва назарфиребист. Ба ин хотир Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ватандӯстӣ набояд ҳусни ҳисоботӣ дошта бошад, он дар амал, на ин ки дар сухан пояи мустаҳкам пайдо менамояд.

Паҳлӯи дигари мавзӯъ ин аст, ки қабл аз анҷом додани ҳар амали ватандӯстона он бояд ба барнома, нақша ва заминаҳои устувори маънавӣ асос ёфта бошад. Яъне, ҳар нафаре кореро ба нафъи Ватан карданӣ бошад, нахуст аз ин ҳадаф ё нияти худ бо сухан марому мақсадашро ошкор мекунад. Табиист, ки сифати ватандӯстӣ нахуст дар сухан зоҳир мегардад. Вале агар он танҳо бо сухан маҳдуд гардаду дар қолаби амал идомаи мантиқӣ пайдо нанамояд, он гоҳ боиси эътимод ва қобили таваҷҷӯҳу таҳсингӯӣ нахоҳад буд.

Дар ин миён ба боварӣ гуфтан мумкин, ки ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз меёбад ва ин амал рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад. Ҷойи ифтихор ва шургузорист, ки баъд аз ҳазор сол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлолиятӣ давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.

Дар хотир бояд дошта, бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.

Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин намояд. Таҷрибаи ҳазорсолаи таърихи давлатҳои дунё собит кардааст, ки кишвари ба нерӯи ҳарбии хориҷӣ дар таъмини иқтидори мудофиавии худ такякунанда, бешубҳа ба шикаст рӯ ба рӯ мегардад.

Яке аз сабабҳои шикасти давлати Сомониён ҳам ҳамин буд. Бо ибрат аз ин дарси барои миллати тоҷик фоҷиабори таърих, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ - дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир дар Қувваҳои мусаллаҳ равона карда, айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомӣ асосан бартараф карда шуда, дар доираи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат ёфта истодааст.

Аммо мутаассифона, чуноне ба назар мерасад, баъзан ҷавонон аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳонаҳои гуногун саркашӣ намуда, ё ба муҳоҷират мераванд, ё худро бемор ва ҳатто бемории рӯҳӣ вонамуд карда, дар қайди беморхонаҳои рӯҳӣ низ меистанд. Сабабгори ин рафтори нангин паёмади омилҳои муайяне мебошанд, ки чунинанд:

  • Ба таври сунъӣ овозаҳои бардурӯғ ва дилсардкунанда паҳн сохта, дар зеҳни ҷомеа хизмати сарбозиро манфӣ бозтоб кардаанд. Дар сурате, ки ҷавони аз хизмат ба муҳоҷирати меҳнатӣ гурехта аз он ҷо бо бемориҳои гуногун, ҳатто бемориҳои сироятии маргбор баргашта меояд. Хизмати сарбозӣ бошад, дар солимии рӯҳиву ҷисмонии ҷавон таъсири мусбӣ мерасонад. Ҳар як ҷавони ба синни даъват расида бояд донад, ки имрӯз барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тамоми шароитҳои моддиву маишӣ фароҳам оварда шуда, ҳамзамон кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ таъмин мебошанд, ки барои омодасозии онҳо баҳри ҳимояи марзу бум, таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар омодаанд;
  • Аз тарафи баъзе волидон, дар роҳи ба хизмат рафтани фарзанд бо иддаои аз наздаш дур шудану аз меҳру муҳаббаташон кам гаштан монеа эҷод карда мешавад. Маҳз чунин волидон ҳатто омодаанд пардаи шарму ҳаёро аз рӯ кашида бо тамоми овоз дар ҷаҳон эълон кунанд, ки “фарзандамон (солим ҳам бошад) кару гунгу беақлу девона аст ва ӯро ба хизмат набаред”. Ҳол он ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ, баръакс, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву оини ҷавонмардӣ меомӯзонад ва ҷисмашон дар пайи машқҳои ҳарбӣ инкишофу обутоб меёбад;
  • Такмилталаб будани низоми барӯйхатгирӣ ва системаи корбариву фаҳмондадиҳӣ бо сарбозони оянда.
  • Ба мавсимҳо маҳдуд шудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ. Яъне аксаран барои иҷрои нақшаи муайяншуда дар мавсимҳои баҳориву тирамоҳӣ тамоми қувваҳоро сафарбар карда, то мавсими дигар корбарӣ дар ин самт суст мегардад;
  • Аз тарафи адибони мо ва аҳли санъату фарҳанг дар асарҳои бадеӣ бозтоб гардидани хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ. Аксар манзумаву асарҳои бадеӣ, ки ба мавзӯи ватандӯстӣ бахшида шудаанд, бо нармии аз ҳад зиёди худ аслан хусусиятҳои ботинии меҳри як нафар зан-модарро нисбати Ватан ифода мекунанд ва дар онҳо ҷанбаҳои мардонагӣ ва ҳифзи Ватан камтар баён шудааст, то ҷавон бо хондани он мавсими навбатии даъватро бесаброна интизор шавад ва монанди он.

Бояд ба ҷавонон ин нукта фаҳмонида шавад, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад. Дар маҷмуъ мо бояд он қолабҳои кӯҳнаи шахшудаи фикриро дар бораи гурезонидани фарзандон аз хизмати ҳарбӣ шиканем ва онро ҳамчун мояи нангу номус баррасӣ карда, бо назардошти бартарафсозии омилҳои он падару модаронро ҷиҳати ташвиқи фарзандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дилгарм созем.

Айни ҳол маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар муқоиса бо солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба нерӯи тавоное табдил ёфтааст. Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Дар даврони истиқлолият мардуми кишвар ба дарк ва шинохти масъулияти худ дар назди Ватан дуруст ва амиқ сарфаҳм рафтанд. Зеро истиқлолият ва таъмини пояҳои мавҷудияту ҳифзи муқаддасоти он сайъу талош ва азму ирода мехоҳад, ки аз ботини саршори ормонҳои ватанхоҳӣ берун меояд.

Бинобар ин, дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи ватандӯстӣ яке аз унсурҳои асосиро ташкил медиҳад. Аз ин хотир чандин барномаҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастӣ қабул гардид. Аз ин ҷост, ки ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо баргузорнамоии чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла ташкили вохӯриҳои ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ ва шинос намудани онҳо ба вазъи буду боши онҳо, ташкили мизгирду конференсия ва дигар чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангиву сиёсӣ дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳм мегузорад.

Дар ҳамин замина бахшҳои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар сатҳи Ҷумҳурӣ пешсафу ташаббускор мебошанд. Зеро ин ташкилот ҳамеша бо ҷавонон ва дар байни онҳо буда, робитаи наздикро бо ин қишри фаъол барқарор кардааст ва минбаъд бояд дар ин самт корҳои бештарро анҷом диҳад.

Дар ин самт идеали мо хизматҳои содиқонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзонад. Дар ин раванд муаррифӣ ва тарғиби асарҳои эҷодкардаи Пешвои миллат барои аз худ намудани таърихи гузаштаву имрӯза, ворид шудани ҷавонон ба набзи ҳаёт, ояндабинии давлату миллат ва тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии насл мусоидат менамояд.

Ҳар як ҷавони имрӯза хуб медонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Пас на танҳо дар забон, балки дар амал тамоми нерӯи худро ба он равона созем, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.

Набояд фаромӯш кард, ки Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон сарзаминест, ки аз он бӯи хоки ниёгон ба машом мерасад. Ин сарзаминест, ки зану фарзанду модару хоҳар ва додару дигар пайвандонамон зиндагӣ мекунад. Сарзаминест, ки муҳофизати он на танҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки қарзи инсониву имонӣ ва виҷдониамон маҳсуб меёбад.

Ба хотири баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ миёни ҷавонон сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки бо тамоми масъулият саҳм гузошта, чораҳои зеринро амалӣ намоянд:

  • Ташкили чорабиниҳо оид ба абадӣ гардонидани номи муборизони роҳи Ватан аз тариқ бунёди муҷассамаҳо, ба номашон гузоштани мактабу деҳаву маҳаллаҳо ва ғайра;
  • Ташкили аксияи “Сайри таърихӣ” ба осорхонаҳо, баргузор намудани вохӯрӣ бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва дар ин замина омӯхтани дарси мардонагӣ;
  • Дар арафаи истиқбол аз санаҳои муҳимми таърихӣ бо гулдаставу туҳфаҳо ба табрики собиқадорони ҷангу меҳнат фиристодани гурӯҳҳои ҷавонон, то шукӯҳу шаҳомат ва муҳтавои чунин чорабиниҳо боиси ҳавасмандии оммаи васеи ҷавонон гардад; 
  • Ташкили чорабиниҳои фарҳангии хусусияти ватандӯстӣ дошта, бо ҷалби сохторҳои низомӣ ва таъмини иштироки васеи ҷавонон дар онҳо;
  • Ба нашр расонидани китобҳо дар робита ба қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони содиқи Ватан дар солҳои соҳибистиқлолӣ;
  • Ташкили филмномаҳо, барномаҳои махсуси театрӣ ва телевизионии ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ нигаронидашуда;
  • Ташкили озмунҳои суруди беҳтарин, расми беҳтарин, варзишгари беҳтарин, ихтироъкору навовари беҳтарин ва монанди инҳо, ки хусусияти ҳарбӣ-ватандӯстӣ доранд;
  • Ташкили вохӯрии пайвастаи ҷавонону наврасон бо сарбозону афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ ва ғайра.

Бо чунин нуктаи назар дар ин ҷо метавон гуфт, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандустӣ роҳи наҷоти миллат аз хатарҳои эҳтимолии замони муосир мебошад. Муҳимтарин силоҳ барои ҳар як ҷавону наврас, ки аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ мебошад. Мебояд имрӯз ҷавонони мо дар рӯҳияи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан, самимият ба Президент – самимият ба миллат ва арҷ гузоштан ба ташаббусҳои Президент – арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ тарбия карда шаванд.

Бознашр аз китоби "Каъбаи умеди мо халқ асту бас!"

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg