БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИРМАН КУФТАНИ БУЗ (Ё чи тавр гурӯҳи аблаҳон кӯшиши боз ҳам фиребидани халқро мекунанд!)

ВОКУНИШ. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки дар ҳар давру замон давлатсозию миллатсозӣ, тавъам бо манфиату ормонҳои сирф миллӣ бошад, алалхусус, барои кишварҳои хурду, аз лиҳози аҳолӣ камнуфус мушкилиҳое доштааст. Мапсалан таҷрибаи начандон дури таърихии миллати тоҷикро агар варақгардон кунем, ин гуфтаҳо тасдиқи дақиқи худро меёбанд. Бо баробари соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистони азиз душманони дар каминбудаи миллат тавассути фарзандони хоини ба хоҷагони хориҷиашон аллакай фурухташуда,  ба миллат ҳатто фурсати фикр кардан атрофи сохтмони минбаъдаи ҷомеаи худро надода, саросемавор дар пайи пиёда сохтани ғаразу манфиатҳои хоҷагонашон уфтоданд. Дар натиҷа, азбаски халқ аз ҳадафҳояшон пайгинрӣ кардан нахостанд, ба ҷанги бародаркуш кашида шуда шуданд. Миллат дар ҳоли нестӣ ва кишвар дар вартаи нобудӣ қарор гирифт. Касе аз дастандаркорони ин хунрезиҳо, ки дар сар ҳавою ҳаваси татбиқи супоришҳои хоҷагони хориҷиро доштанду, пош хурдани кишвари абарқудрати шӯравӣ барояшон имкони мусоид фароҳам оварда буд, парвои чизе надоштанд. Зеро барояшон шояд ҳатто имкони фикр кардан атрофи манфиатҳои миллӣ намедоданд. Шояд барояшон ин чиз муҳим ҳам набуд, зеро ҳадафу мақсад ва вазифа аллакай муаяйяну мушаххас буд: миллатро тобеи хоҷагони худ гардонидан!

Аммо боз ҳам таърих гувоҳ аст, ки хоинону ватанфурушон ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд. Барои ин ақлу заковат лозим аст, ки дарк кунанд, аммо афсус ки хоинони ин миллат аз ин арзиш бенасиб будаанду ҳастанд. Имрӯз низ амали онҳо бозгӯи ҳақиқати ҳол аст. Бадгӯи нисбати давлат, хиёнат ба миллат, аз ҳама нобахшиданиаш боз ҳам гумроҳ кардани мардум бо роҳи ташкили суйиқасд ба ҷони ҳамдигарӣ, тақаллуб, фанду фиреб ва дигар амалҳои гумроҳкунандаю ба доми худу хоҷагони хеш фикананда аз амалҳое ҳастанд, ҳамарӯза дар рафтору гуфтор ва кирдори ин хоинону террористон, амисоли аъзои ТЭТ ҲНИ, ТЭ Гуруҳи 24, АОТ ва дигар гуруҳу гуруҳчаҳое, ки ҳамоно эҷоду таъсиси онҳо бо ҳамон як механизму ҳадаф ва таҷрибаи барвақт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони озмудашуда идома доранд, дида мешавад.

Бе ягон дудилагӣ иброз менамоям, ки дар пушти ҳама гуруҳчаҳое, ки фарқ надорад, худро рақиби сиёсӣ, озодандеш, ислоҳотгаро ё касе, ки гуё барои бедории миллат мубориза мебарад ва ё чизи дигар наноманд, ҳамагӣ як давлат, як гуруҳ ва шояд як хадамоту як маблағгузор меистад, ки он ҳам бошад барои ҳар фарди бедордил аллакай маълум аст. Хурсандиовар ин аст, ки рӯз аз рӯз доираи ин гуна ашхос маҳдуд гардида истодааст. Барои ҳамин хоҷагони хориҷиашон маҷбур шуда истодаанд, ки аз аъзоёни як гурӯҳ, баъзан роҳбарони як гуруҳро муассис ва роҳбарони гуруҳҳои навтаъсисдодаи худ таъин намоянд. Масалан, Ш. Гадоев ном аъзои гуруҳи ТЭ Гуруҳи 24- ро аввал роҳбари гуруҳ таъин намуданд, баъдан ба хулосае омаданд, ки баъди ташкили суйиқасду фармоиши ҷилвагар намудани марги роҳбар, кирои роҳбарӣ надорад. Сипас барканор ва муовини роҳбари ТЭ Гуруҳи 24 таъин карданд. Азбаски дар ин гуруҳҳо манфиатҳои молӣ бештар аст, гуруҳ ба ҷиноҳҳо тақсим шуд. Сипас дидем, ки ҳамин Гадоеви бесавод боз гуруҳи навро таъсис дод. Ё аниқтараш таъсис доданду уро дар раъси он қарор доданд. Хадамоти махсуси кишварҳои алоҳида мехоҳанд, ки бо ин роҳ, яъне таъсиси гуруҳҳои нав ба ҷомеаи башарӣ миқдори зиёди мухолифини тоҷикро ба намош гузоранд. Аммо нафақат сокинони Тоҷикистони азиз, балкӣ тамоми ҷомеаи башарӣ медонад, ки ҳарчанд ин созмонҳо ҳизб, анҷуман, гуруҳ ва чизи дигар ном надошта бошанд, ҳам дохили онҳо холист. Ҳамагӣ аз як ё ду нафари аблаҳ иборатанду халос.

Ё ба ҳамин шакл, имрӯзҳо якчанд сомона фаъол гардидааст, ки ҳамагӣ як маблағгузор доранду, як фармоишгар. Ҳатто тааҷубовараш ин аст, ки нафақат бар зидди давлату миллати тоҷик менависанд, балки аз бахшҳои тарғиботие иборанд, ки мавзуъҳо умуман ба мардуми мо созгор нест, ҳатто маводҳое таблиғ мешаванд, ки ҳамсонанду як ҳадаф доранд: мувофиқ кардани мафкураи мардум ба арзишҳои барои миллат ноошно. Ҳатто сохтори сомонаҳо ба ҳамдигар шабоҳат доранд. Ҳарчанд зимни таъсиси сомонаҳо аз иқтисод мегуфтанд, аммо маводҳо пурра хусусияти мафкуравӣ доранд. Масалан, сайти Isloh.net ва ksaadat.com- ро хонеду таҳлил кунед. Нафақат як муассису як мақсаду як сохтору ҳамаги як модераторӣ доранду муаллифи ҳамаи матлабҳо худи онҳо ҳастанд, балкӣ ҳарду бо як услуб менависанд, ки тамоман хоси ҳатто худи модераторонашон нестанд, ҳарчанд зери имзои онҳо нашр мешаванд. Барои чи мегуям, ки матнҳо ва услуб аз модераторон нестанд, барои он, ки тарзи навиште, ки масалан Сайидюнуси палид дорад, бо услуби гуфтугузораш, ки ҳатто дар видеои гушаи сайташ мавҷуд аст, ҳеҷ шабоҳат надоранд. Аминам, ки ҳарду аз хати форсӣ баргардони кирилӣ карда бо номҳои худ дар сайтҳояшон мегузоранд. Яъне матлабҳои таёркардаи ашхоси дигарро.

Ва амалан чизе, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар амали ин гуруҳҳо дида мешаванд, ин суйистифода аз имону эътиқоди мардум ва фиребу ба гумроҳи андохтани онҳост. Намедонам аз куҷо то ҳол аъзоёни ин гуруҳхои ифротӣ бар он боваранд, ки метавон бо ҳамин роҳ ба мақсад расид. Масалан ҳарчанд, ки гуруҳҳо ва ё сайтҳо номхои мухталиф, шакли ташкилии мухталиф доранд, аммо дар онҳо як умумият ҳаст: ислом, дин ва сиёсат. Ин яъне чи? Бозӣ кардан бо дини мардум, суистифода кардан аз эътиқоди мардум барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худу хоҷагони хориҷии хеш. Тамом!

Чизе, ки аслан сабаби навистани ин матлаб гардид, ин боз ҳам фиреби мардум, суйистифода аз фамишҳои пасти мардум, сохтакорона паст задани мақомоти давлатӣ ва ғайра мебошад. Инак дар расме, ки дар саҳифаи ТЭ Гуруҳи 24 дидам, баръало найранги навбатии аъзои ин гуруҳи экстремисту хоин, ки ҳамагӣ бесаводанду ақалан ақлу донишу фаҳми дуруст туҳмат заданро надоранд, ба назарам расид. Дар расм чунин нигошта шудааст, ки гуё Ҳизби Халқии Демократии тоҷикистон онҳоро таҳдид ба куштан ё ба қавли худашон «пакушений» кардааст. Ва навиштаҷотеро, ки бар пояи ин расми сохтаю туҳмати бофта таҳти унвони «Таҳдид ба қатл Хизби Халқи Демократӣ» гузошта шудааст, хондаму ғазабу нафратам дучанд гардид.

Аъзои ин гуруҳи террористӣ агар каме ақлу савод медоштанд, ҳамон тафсири (комментарияи) сохтаашонро ақалан дурусттар менавиштанд, ки хушбахтона надоранд. Барои ҳамин ҳам номи сохтаи пур аз ғалат(Х, Халқихи Демократии) тафсири сохта, ки гуё ҲХДТ онҳоро бо чунин гуфтаҳо «Скора пакушентон мекунем ука вахти дигатон намондай мебинем окибатша» таҳдиди қатл карда бошад. Чизи дигари бесаводонаи ифротиҳои гуруҳи экстремистӣ дар он аст, ки ин амалро хостаст, ки каме асоснок карда маънидод кунад, ин аст, ки гуфтаанд: «Имрузҳо режим ошкор мардумро таҳдиди ба қатл доранд. Пас мо мардум аз ки гила кунем аз Абудовуд ё ин ки аз Абуусомаи Нораки. Имрузҳо ин ҳизби дохили лоф аз демократия мезанад беҳтар мешуд номи демократияро ба номи теократия табдил медодед. Аз номи халқ ҳизби халқии демократи сохтед,чаро имруз бо халқ нестед. Аз номи халқ суистифода мебареду имруз халқро таҳдид ба қатл мекунед. Аслан барномаи садои мардум ин мероси Нуриддин Ризоӣ нест на меросбари Эмомали Раҳмон бошад. Ин барнома барномаи садои мардум аст ва меросбар ҳам мардум аст. Шояд пас фардо Нуриддин Ризоӣ ба истеъфо равад, дар ҷой у ман баранда шавам боз манро таҳдид ба қатл мекунед. Пас шумо лоф аз дӯстиву миллату ватан ҳарф мезанед биёед бо мардуми шарифи тоҷикистон бо пахши мустақим озодона суханрони кунед. Ё ин ки аз сиёсати пешгирифтаи ахмақатон бовари надоред!».

Бовар кунед, ҷавоб гуфтан ба ин гапҳои аҳмақонаи берун аз мантиқ аблаҳист. Аммо боз ҳам иззати нафси қариб 500 000 нафар аъзои ҳизб оромам нагузошт, ки чизе нагӯям.

Ҷавобам ин аст, ки эй аъзоёни гуруҳи экстремистии 24 ва гуруҳҳои ҳамсон, шумо касе нестед, ки кирои мубориза ва ё аз ҳама бадаш «пакушений» бошед охир! Касе дар ин фикр ҳам нест. Аниқтараш касе худро назди офаридгор бо хуни ҳарои шумою шумобаринҳо олудаю гунаҳкор карданӣ, ки нест.

Дигар ин, ки агар дар нақшаи шуматон мисли қабл «пакушений»-и кадом аъзои гуруҳи террористиатон бошаду ба сари «режим»-и мегуфтагиатон бор кардан бошад, муваффақ нахоҳед шуд. Зеро дар муносибат бо шумову шумобаринҳо мардум аз рӯи масали маъруфи «хас каму ҷаҳон пок» менигаранд.

Тарафи дигари масъала ин, ки чаро чанд терористу экстремист аз номи мардум, ки оммаи халқро дар назар дорад, сухан мекунед. Агар инро ба назар нагирем, ки шумо барои ҲХДТ ҳеҷ арзише надореду бе ҳеҷ ваҷҳ ин таҳдиди сохтаи шумо ба ҲХДТ рабте надорад ва ҳамингуна бошад, ки шояд кадом хоине аблаҳе ҳамингуна таҳдидро раво дид, пас инро чаро таҳдид ба мардум қабул кардед? Шумо кистед? Шумо аз Абудовуд ё ин ки аз Абуусомаи Норакии мегуфтагиатон чи фарқ доред? Чи хел аз номи халқ ҳизби халқии демократӣ сохтему, имруз бо халқ нестем? Магар мо бо шумо дар хориҷи кишвар таҳти парастории хоҷагон ҳастему мисли шумову шумобаринҳо ба халқ хиёнат карда истодаем???

Ё чизи дигари аз ҳама хандаовараш ин аст, ки иброз доштаед, ки «Шояд пас фардо Нуриддин Ризоӣ ба истеъфо равад…». Ин чи маънӣ дорад? Шумо кистед ё Нуриддин Ризоият кист??? Шумо бо роҳи интихобот дар ягон мансаби олии ҳокимият қарор доред, ки истеъфо медиҳед??? Ин чи аблаҳию худписандист???!!!

Сухан кутоҳ ман якчанд чизро ҳамчун аъои ҲХДТ бароятон мегӯям ва фикр мекунам, ки ҳамаи аъзои ҲХДТ маро дастгирӣ мекунанд:

  1. Ман ҳамчун аъзои ҲХДТ, ки мақсадам созандагию бунёдкорӣ ва ватансозист, умуман шумою шумонбаринҳоро эътироф надорам. На ҳамчун рақиб, на ҳамчун озодихоҳ ва на ҳамчун каси дигар ва шумою шумобаринҳоро нафақат кирои «пакушений»-и мегуфтагитон намедонем, дар бораи мавҷудияти шумо палидон фикр карданро ҳатто бароямон ҳарром ва зоеъи беҳудаи вақт медонам;
  2. Ба шумо ҳаққи аз номи халқ сухан гуфтанро намедиҳам, зеро, ки ҳатто ҳизби мо бо қариб ним миллион аъзояш то ҳол ҳаққи аз номи халқ, ки қариб ба нуҳ миллион расидааст, пайдо накардаасту, надорад. Ин ҳақро танҳо Конститутсия ва халқи Тоҷикистон медиҳад на кадом кишвари хориҷии маблағгузори шумо;
  3. Мо нағз медонем, ки дар пушти шумо кист, маблағгузоратон кист ва ба кадом мақсад шуморо ба мисли говҳои зотӣ парвариш мекунанд;
  4. Мо дигар ниёз ба роҳнамое чун ТЭТ ҲНИТ, ТЭТ Гуруҳи 24, АОТ ва дигару дигар надорем, зеро роҳи мебурдаи шумо роҳи хиёнат ба ватану миллат аст ва он нобахшиданист;
  5. Дигар ин миллат то он дараҷае, ки шумо мепиндореду мехоҳед бо ҳар роҳу восита фиребаш диҳед, ба муқобили давлату ҳукумат ва ё ҲХДТ шуронедаш нест! Зеро медонад, ки ин ҳама талошҳоятон баҳри чист! Ва ин мардум чандон дигар бефаҳму нодон ҳам нестанд, ки шумо мепиндоред!
  6. Ва охирон дар хотир дошта бошед, ки ҳануз ҳам ин халқ, ки аз номаш сӯйистифода мекунеду, мехоҳед гоҳе дину имонашро истифода кунеду гоҳе фиребаш диҳед рӯзе хоҳад расид, ки аз гиребони худатону ақрабоятон хоҳад гирифт. Зеро демократия ҳамин аст. Халқ, ки ҳокимият ба ӯ тааллуқ дорад, интизор нахоҳад нишаст, ки шуморо кадом кишваре ба қонуну адолат таслим хоҳад кард ё на!!! Хиёнати шумо ба халқи тоҷик нобахшиданист ва халқ бахшиданӣ нест!

Саидтоҷиддин Азизов, узви ҲХДТ аз вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg