БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Андешафурушони асолатбохта ҳаққи аз номи тоҷик сухан гуфтан надоранд!

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо аз саҳфаҳои интернет хабари таъсис ёфтани анҷумани бо ном озодандешони тоҷик дар Венаро хонда, боз воқеаҳои солҳои гузашта- қатлу куштор, хунрезӣ, бехонаю дарӣ, дур аз Ватан, дур аз зану фарзанд пеши назарамон ҷилвагар шуд. Мо аз воқеаҳои сиёсӣ, найрангбозиҳои як гурӯҳ мансабталошону хоҷагони хориҷиашон ва ҳодисаҳои фоҷеабори солҳои гузашта дарсу сабақ омӯхтаем, шукри онро мекунем, ки имрӯзҳо дар замони тинҷу ором, дар ҳалқаи ёру дӯстон ҳаёт ба сар бурда истодаем.

Шахсоне, ки ин анҷуманро дар хориҷи кишварро таъсис додаанд, ҳамон аъзоёни иғвогару мансабталошони пасмондаи ТЭТ ҲНИ-анд.

Номуҳтарамоне мисли Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Саидюнуси Истаравшанӣ, Ҳаким Раббимпур ва Аюб Эгматов шумо дар интернет сабт намудаанд, ки «Мо, ҷамъе аз фаъолони тоҷик, бо дарки буҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва фасоди густурдаи идорӣ ва ноадолатиҳои иҷтимоӣ, ки бар фазои ҷомеаи мо соя афканда, боиси эҷоди хушунат ва бадбинӣ дар тамоми сатҳҳо гардида, якпорчагии миллат, тамомияти арзӣ, Истиқлоли давлатдории Тоҷикистон ва сабти минтақаро таҳдид мекунад, «Анҷумани озодандешони тоҷик»-ро таъсис додем».

Якум, ин ки инҳо фаъолони тоҷик нестед, инҳо аслан бозичаи дасти бегонагонанд, ки мақсадашон иғвову дасиса андохтан байни мардум аст. Миллат гуноҳи шумою шумобаринҳоро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Агар фаъолони миллат мебудед, дар ватан софдилонаю содиқона хизмат намуда, дар рушду нумуи Тоҷикистон ҳисса мегузоштед.

Дуюм, ин ки дар Тоҷикистон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст, корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта, дар баробари боигарии моддӣ фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш ғанӣ гашта истодааст. Дар Ватани маҳбуби мо ҳама тинҷу ором бо меҳнати софдилона ба халқу Ватан хизмат намуда, дар зери осмони софу беғубор ҳаёт ба сар бурда истодаанд.

Мо ҳамеша мекӯшем, ки бо меҳнати софдилона, дасту дили пок ба Ватанамон – Тоҷикистони азиз хизмат намоем ва Ватанамонро ободу зебо гардонида, иқтисодиёти ҷумҳуриро баланд бардорем ва ба шумо барин «фаъолони тоҷик» ниёз надорем.

Сеюм, ин ки ба мо ягон кас ва давлат таҳдид намекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифта, бо зиёда аз 140 давлати дунё робитаи сиёсӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад. Имрӯз Тоҷикистон Артиши миллии пурқуввате дорад, ки марзу буми хешро муҳофизат мекунад.

Чорум, ин ки дар хориҷи кишвар, яъне дар Австрия таъсис ёфтани ин анҷуман барои мо тоҷикон ягон ҷои тарсу ҳарос нест. Имрӯзҳо дар кишвари мо 7 ҳизби сиёсӣ ва даҳҳо созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ фаъолият доранд, барои диндорон дари масҷидҳои исломию насрониву яҳудӣ кушода аст, мардум озодона ибодатҳои худро мегузаронанд.

Панҷум, ин ки ташкилоти шумо ташкилоти озодандеш нест, ин ном барои ибтидо гузоштани дасисаву найрангҳои навбатист. Гурӯҳбозию анҷумансозӣ то ба кай? Вақте дар байни ҳамватанону ҳамзабонони худ қадру эҳтиром пайдо накардед, дар Австрия низ ба ягон мартабае нахоҳед расид. Чунки мақоли халқӣ аст, ки «Худиро ганда кардӣ, меҳри бегона мепарад». Ба чанд пул шумо- «озодандешон» Ватану марзу буму миллат ва ҳатто андешаи хешро фурӯхтед?

 Имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик аз боду ҳавои Истиқлолият баҳра бурда, сиёҳро аз сафед, хубро аз бад, ҳақро аз ноҳақ, дӯстро аз душман фарқ карда метавонад. Мо намехоҳем дар арсаи ҷаҳолат монем. Ин озодӣ, ин тинҷию амоние, ки ба мо муяссар гардидааст, шукрона мекунем. Шукрона аз он мекунем, ки мо давлат дорем, шукрона аз он мекунем, ки миллатамон истиқлолияти комил ба даст овардааст.

Мо намегузорем, ки нохалафе ҷавонони кишвари азизи моро ба доми худ кашида, сарзамини биҳиштосо ва вазъи орому осудаи моро ноором созад.

Имрӯз мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз менамоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона мерасем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш медонем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор менамоем.

Суҳроб ВАЛИЕВ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левкант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg