БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дарди ҷомеаро нахуст дили модар эҳсос мекунад!

ВОКУНИШ. Мо як гурӯҳ занону модарони зиндагидидаи тоҷик, ки рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро, ки дар байни мардум бо номи ба мо нанговари «ҷанги бародаркуш» маълум аст паси сар кардаем.

Имрӯз нафарони бедилу бевиҷдони беҳису хоин Тоҷикистони азизи моро, ки дар фазои сулҳу салоҳ қарор дорад, боз мехоҳанд ба ҳамон рӯзҳои нангин баргардонанд. Ба осмони софу беғубори Ватани азизамон абрҳои тираро оварда, бо боди сарди омехтаи хуну халафи бегуноҳон борони ҷаҳолатро ба сари мардум бирезанд.

Мабод он  рӯзҳои мудҳише, ки халқи тоҷик дар солҳои 90-уми асри гузашта аз сар гузаронида буд. Бародар аз бародар дур, падару модар дар фироқи фарзанди аз тири нохалаф шаҳидгашта, тифлони бепадармонда, оҳу нолаи занони бесаробонмонда, хонаву дари валангор, гурезаҳои аз Ватан дур. Ҳамаи ин рӯзҳои даҳшатборро паси сар кардем. Танҳо ба хотир овардани ин рӯзҳои даҳшатбор беихтиёр ашк аз чашмон ҷорӣ мешавад ва беандоза шукронаи абармарди хирадсолор мекунем, ки аз рӯзи аввал мардуми тоҷикро бовар кунонд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» ва он шабу рӯз осон набуд ин суханҳоро ба забон овардан, вале ин марди худодод тавонист, ки бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ, бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ба халқи худ сулҳро ба даст биёрад ва ба мардуми фирорӣ як нерӯи бузурге шуд, ки ба онҳо ҷони дубора ато намуд ва онҳоро аз гумноми раҳоӣ бахшиду ба Ватани аҷдодии худ баргардонд.

Ва мо модарони аламзадаи ин ҷанг намегузорем, ки дигарбора фарзандону бародарони мо фирефтаи он нафарони иғвоангезу хоин, ба мисли Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшан Темуриён, Сайидюнус Истаравшанӣ, Ҳаким Раббимпур, Аюб Эгамов ва нафарони дигар, ки шахсиятҳои шинохта нестанду, аз худ кас месозанду дар Аврупо анҷумани бо ном озодандешони тоҷик таъсис медиҳанд ва бад-ин васила мехоҳанд бо азми нопокашон ба кишвари тинҷу осудаи мо зиёни худро расонанду амнияти Тоҷикистонро ноором созанд, ба доми фиреби ин дасисабозон афтанд.

Маҳз ана ҳамин гуна нафарони ифротгаро, ки худ гумроҳу беватанад, солҳои 90-уми асри гузашта мардумро фирефтаи суханҳои худ кардаву ҷони садҳо нафар одамони бегуноҳро аз байн бурдаву мардумро сарсону саргардон карданд. Ин рӯзҳои даҳшатборро аз сар гузаронида, мо дигарбора намехоҳем, ки дучори ин рӯзҳои хунин гардем.

Нафареро метавон бо ифтихор озодандеш номид, ки дасту дили пок дорад, Ватани худро самимона дӯст медорад ва барои ҳимояи Ватани худ ҷонашро дареғ намедорад. Заррае ҳам бошад ба халқу Ватани худ хизмат кардааст, дарахтеро сабз кардааст, боду ҳавои тозаи Тоҷикистонро нафас мекашад. Вале ин нафароне, ки паси парда нишаставу анҷумани бо ном озодандешони тоҷик таъсис додаанду ба ин пайкори худ мардумро гумроҳ карда истодаанд, на шахсиятҳои шинохтаанду на дар назди халқ қадру манзалате доранд ва на ба мардум хизмате кардаанд.

Шамъи каҷ охир бисӯзад пардаи фонусро,

Қавми бемаънӣ чӣ донад қиммати номусро.

Воқеан ҳам, инҳо он нафароне ҳастанд, ки на қадри Ватанро медонанду на қадри зан-модарро, барои онҳо мафҳуми Ватан-модар нофаҳмост, чунки онҳо нангу номус надоранд.

Сухан бояд созанда бошад, на сӯзанда, сухан бояд илҳомбахшу ҷонбахш бошад ва рӯирост ошкор бошад, на аз паси пардаву фарсаххо дур.

Ваҳдати миллӣ аз якдилии мардум аст, аз ин рӯ ҳар яки моро мебояд, ки нисбат ба амнияти давлат бетараф набуда, ҷавоноро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ тарбия намуда, онҳоро ҳушдор созем, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд ва баҳри ҳифзи Ватани худ содиқона хизмат кунанд.

Шӯрои занони ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg