БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо

АНДЕША. Чуноне дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 22.12.2017) омадааст: “Соли 2017 аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ нисбат ба соли 2016 зиёд шудааст”.

Ин бонги изтиробу ташвиш ҳар яки моро водор месозад коррупсияро ҳамчун падидаи номатлуб шиносем ва хатари онро ба амнияту истиқлолияти давлатӣ бештар дарк намуда, ҷиҳати муборизаи беамон ба муқобили он якдилу якмаром бошем.

Коррупсия ба мисли таърих хеле қадима буда, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа мегардад, оромиву суботро халалдор сохта, боварии мардумро ба мақомотҳои давлатӣ коста мегардонад.

Тибқи сарчашмаи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» («corruptio») дар тарҷума аз забони лотинӣ маънои «вайронкунӣ, паст рафтан, моилшавӣ ба ришва»-ро дорад.

Мавҷудияти меъёр оид ба амалҳои марбути коррупсия дар асарҳои қадима, аз он ҷумла асарҳои хусусияти динидоштаи қабл аз мелод таълифшуда гувоҳи онанд, ки коррупсия пеш аз солшумории мелодӣ ҳам вуҷуд доштааст. Ин масъала дар қонунҳои Хамураппӣ, 12 ҷадвал, китоби муқаддаси мо мусулмонон Қуръон низ дида мешавад.

Имрӯз низ коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балкӣ ҷомеа ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешавад.

Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборизаи пайваста бурдан бо ин зуҳуроти номатлубро таъкид намуда, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 27.01.2017 доир гардида буд, чунин иброз намуданд, ки “Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад. Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд”.

Ва ё чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охиринашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд намуданд: “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

Ин ишораи Пешвои муаззами миллатро метавон ҳамчун муқарраркунандаи дараҷаи хавфи коррупсия барои давлату миллат ва саҳми ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҳизбҳои сиёсӣ дар роҳи мубориза бо коррупсия номид.

Дар ин ҷо мебояд ба ду тарафи масъала диққати аввалиндараҷа зоҳир намуд. Яке мубориза бар зидди амалҳои мавҷудаи коррупсионӣ ва дуввум ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат ба коррупсия дар доираи тарбияи мафкураи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа.

Мусаллам аст, ки имрӯз мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ба коррупсия дастбурда саҳми арзанда доранд. Албатта мавриди муҷозоти ҳуқуқӣ қарор додани шахсони дар ин ҷиноят дастдошта аз як ҷониб дар тарбияи ҳуқуқию маънавии худи онҳо нақш дошта бошад, аз ҷониби дигар дар пешгирии ҷиноятҳои нави дорои хусусияти коррупсионидошта таъсири мусбӣ мерасонад.

Аммо ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар заминаи тарбияи ҳисси муқовимат ва фазои оштинопазир ба амалҳои хусусияти коррупсионидошта дар байни иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки дар ҳама ҳолат шаҳрвандон яке аз тарафҳо ё ҳар ду ҷониби ин гуна муносибатҳо мебошанд, чораи нисбатан самараноктар аз дигар механизмҳои муайяншуда аст.

Зимнан, дар ин росто нақши сохторҳои ҲХДТ дар мубориза бар зидди коррупсия низ хеле барҷаста арзёбӣ мегардад. Ташкилотҳои ҳизбиро мебояд, ки сабабҳо, омилҳои мусоидаткунанда ва механизмҳои ҷамъиятии таъсиррасониро коркард ва мавриди амал қарор диҳанд. Зеро бидуни муқаррар намудани омилҳо фаъолият дар дилхоҳ самти мубориза бесамар ва таҳияи механизми дилхоҳ ғайриимкон дониста мешавад.

Мавҷудияти коррупсия низ дар ҷомеа бесабаб нест.

Чунончи, агар чанд сол пеш яке аз сабабҳо вазъи иқтисодӣ арзёбӣ мегардид, имрӯз бо баробари беҳбуд ёфтани вазъи иқтисодӣ, боло рафтани маоши кормандони буҷа ва ғайра, ин омил ҳарчанд вуҷуд дошта бошад ҳам, дар нисбат камтар ба мушоҳида мерасад. Аммо бисёре аз ҳолатҳои мавҷуда баёнгари онанд, ки шаҳрвандон барои зуд амалӣ намудани мақсад ва манфиату ғаразҳои шахсӣ, худашон ришва пешниҳод мекунанд ва ё баръакс ба талаби шахси ришватхор, ҷавоби мусбат медиҳанд. Яъне дар аксар ҳолат омили асосӣ ва таҳриккунанда худи шаҳрвандонанд ва албатта омилҳои дигар низ дар ин росто мавҷуданд. Пеш аз ҳама сабаби асосӣ паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Аз надонистани ҳуқуқҳои худ ва уҳдадориҳои қонунии шахси мансабдори давлатӣ, ки албатта шаҳрвандон аз рӯи зарурияту эҳтиёҷоти гуногун вориди муносибат бо онҳо мегарданд, иродаву донишҳои пасти ҳуқуқӣ зимни татбиқи ҷараёни муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, масалан ҳангоми гирифтани санадҳои дахлдор, бақайдгирии амалиётҳо ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Мутаассифона, бараъло ба мушоҳида мерасад, ки додани “ҳаққи хизмат” аз тарафи шаҳрвандон беихтиёр ба амали маъмулии ғайриҳуқуқӣ ва одати ҷамъиятӣ табдил ёфта истодааст. Ин раванд то ҷое ба ахлоқу мафкураи мардум таъсир расондааст, ки мо сокинони кишвар ба таври фарогир барои табобат дар муассисаҳои тиббии давлатӣ, ё муоинаи муқаррарии фарзандон, ки онро дар дастгоҳҳои тиббӣ пулакӣ анҷом додаем, боз барои дидану дорухат гирифтан ҳаққи хизмат медиҳем. Кор то ҷое мерасад, ки тибқи қонунҳои нонавишта, бар хилофи муқаррароти қонунгузорӣ ҳама уҳдадориҳое, ки аз ҷониби масъулини муассисаҳои давлатӣ бояд бечунучаро анҷом дода шаванд, ба шарофати худи мо шаҳрвандон ба хизматрасониҳои пулакӣ табдил ёфтаанд.

Омили дигаре, ки ҳама гуна муборизаро дар роҳи паст кардани шиддати коррупсия мушкил мегардонад, тарбия намудани хислатҳои коррупсионӣ дар зеҳни фарзандон буда, аз беаҳмиятии худи мо аҳли ҷомеа, хусусан падару модарон сар мезанад. Шояд сари ин масъала боре наандешида бошем.

Чунончи, ба воситаи кӯдак талаб карда гирифтани маблағҳои ҳатто қонунӣ барои дарсҳои иловагӣ, ё ба воситаи онҳо ҷамъоварии маблағ барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишию маърифатӣ ва ҳатто ҷашнҳои давлатӣ. Ва ё маъмулан аз миёнаҳои моҳи тақвимӣ сар карда аз хонандагон пурсидани пардохти “пули моҳ”, сарзанишу танбеҳи хонандагон ҷиҳати саривақт наовардани маблағ, дар назди оммаи хонандагон тавсифу таъриф кардани хонандагоне, ки ин гуна маблағҳои қонунию ғайриқониро ба омӯзгорон дар сари маврид пешниҳод кардаанд ва ҳатто таҳқир, мавриди ҷазо қарор додан, аз синфхона ва ё мактаб пеш кардани хонанда барои дар сари маврид наовардани маблағ, муносибати хосу меҳрубонона доштан бо хонандае, ки ҳаққи таҳсилро гоҳе аз маблағи таъиншуда ба омӯзгорон зиёдтар пешкаш мекунад, аз ҷумлаи омилҳое ҳастанд, ки на танҳо ғаризаи коррупсиониро дар кӯдак тарбия мекунад, балкӣ дар аксари ҳолатҳо нафрати кӯдакро ба волидоне, ки бинобар сабаби пастии шароити иқтисодӣ имкони саривақт тавассути фарзанди худ фиристодани чунин маблағҳоро надоранд, эҷод мекунад, ки ин паҳлӯи дигари масъала мебошад. Дар ин ҳолат кӯдак коррупсия, яъне додани маблағро дар раванди таълиму таҳсил, омили пешбаранда ва таъминкунандаи нуфузу обрӯ медонад. Зеро мафкураи кӯдак ҳамин аст. Як педагоги машҳур, мегӯяд, ки “Дили кӯдак монанди тахтаи сафед пок аст, ки нависанда ҳарчизе дар он нависад, абадан нақш мебандад” Маҳз бо ҳамин мафкура, ки пул ҳама чизро ҳал мекунад хонанда ба донишгоҳу донишкада меравад ва ё бо ҷомеа мепайвандад, ки дар ӯ тарбияи мафкураи зиддикоррупсионӣ на фақат мушкил, балкӣ ғайриимкон мегардад. Аниқтараш ӯ қобилияти дарки ин масъала ва ё мушкилро пурра аз даст медиҳад. Як андеша кунем, айни замон чанд фоизи насли наврас аз ин хатар эмин аст? Албата фоизи ночиз, ё шояд умуман набошад! Бо ин шумори кам оё метавон бар муқобили ин мушкилии ҷомеа мубориза бурд? Албатта, на!

Яъне моро зарур аст нахуст дар ҷомеа омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсияро бартараф кунем, мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар ин самт дуруст ташаккул диҳем ва дар ин росто тафаккури зиддикуропсиониро дар шаҳрвандон тарбия намоем.

Ҷойи таъкиди хос аст, ки ҲХДТ коррупсияро ҳамчун воқеияти нангини ҷомеа арзёбӣ намуда, бар ин назар аст, ки ришваю фасод ва сӯистифода аз мансаб дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ пояҳои давлатдориро заиф сохта, ахлоқи ҷомеаро коста мегардонад ва ҷои арзишу муносибатҳои солими ҷамъиятиро тасарруф карда, ба ояндаи миллат зиён меоварад.

Аз ин рӯ, бо қатъият бояд гуфт, ки миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар роҳи мубориза бо коррупсия аз ҳама бештар ҲХДТ фаъол аст, зеро дар решакан сохтани ин зуҳуроти нангин ҳизби мо – ҳизбе, ки масъулияти олии ватандориву давлатсозиро ба уҳда дорад, аз ҳама бештар манфиатдор мебошад. Чунки мо дуруст дарк менамоем, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи пурраву саривақт ва дар сатҳу сифати баланд амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи ҲХДТ мегардад.

Яке аз вазифаҳои асосии ташкилотҳои ҳизбӣ низ аз он иборат аст, ки ҳисси нафратро нисбат ба коррупсия дар ҷомеа бедор созад. Ба андешаи мо, омилҳои маънавие, ки ҳисси нафратро нисбат ба коррупсия бедор мекунанд, ин нуктаҳо мебошанд:

  • Ба таври оммавӣ бадахлоқӣ ва ё бевиҷдонӣ эълон кардани амалҳои коррупсионӣ;
  • Таъмини ҳимояи зарурӣ ва ҳавасманд намудани шаҳрвандоне, ки аз коррупсия пешгирӣ менамоянд ва таъсиси ҷоизаҳои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳӣ барои чунин шаҳрвандони фаъол;
  • Ҳар як фарди бо ин ҷурм боздоштшударо бидуни истисно зери тозиёнаи афкори умум қарор додан ва ба таври васеъ муҳокима кардану боиси ибрати дигарон гардонидан;
  • Дар пушти ҳамаи биноҳои маъмурӣ навиштан, ки “Ин ҷо одамони бовиҷдон ва баномус кор мекунанд. Пешниҳоди пора ва гирифтани он шармандагист!”;
  •  Таҳияи барномаҳои махсуси телевизионӣ ва дар рафти он бо масъулини соҳаҳои мухталиф муҳокима намудани масъала;
  • Таҳияи филмномаву барномаҳои театрикунонидашудае, ки амалҳои коррупсиониро бо тамоми паҳлуҳои манфӣ муаррифӣ кунад;
  • Ташкили мониторинг ва баҳогузории сатҳи коррупсия дар ҷомеа бо инобати афкори умум;
  • Таҳия ва нашри маводҳои таблиғотии таъсирнок, ки парда аз рӯи амалҳои коррупсионӣ мабардорад;
  • Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дар ин замина ба роҳ мондани иртиботи волидон бо мактаб ва бидуни иштироки фарзандон анҷом додани ҳамагуна муомилоти пулӣ, амсоли пардохти ҳаққи дарси иловагӣ, шартномаи таҳсил, кӯмак барои таъмир ва ғайра;
  • Ба дарки ҷомеа расонидан, ки фоидаи муваққатӣ ва ночизе, ки аз коррупсия миёни ду тараф ба вуҷуд меояд, дар маҷмуъ боиси касодии иқтисодиёт ва рушди кунди ҷомеа гашта, таъсири манфии онро дер ё зуд дар ҳаёти худ мушоҳида хоҳем кард ва монанди он.

Бо дарки ин маънӣ ва ҳисси масъулият сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани ин падидаи номатлуб равона созанд, то бо истифода аз захираи бузурги маънавӣ ва фишангҳои муассири идеологии ҳизб дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

Бознашр аз китоби "Каъбаи умеди мо халқ асту бас!"

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg