БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муқовимат бо коррупсия дар солҳои соҳибистиқлолӣ

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2008-2012» тасдиқ гардид, ки дар доираи Стратегияи мазкур масъалаҳои самарабахши мубориза бо коррупсия ва оғози саривақтии парвандаҳо ва гузаронидани таҳқиқу тафтишоти парвандаҳо бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, мансубияти ҳуқуқвайронкунҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта, механизми муносиби идоракунӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти мақоми давлатӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ, ба таври электронӣ ва ба воситаи бонк ҷорӣ намудани пардохти хизматрасониҳои мақомот ва муассисаҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дар Стратегия пешбинигардидаро дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор танзими худро ёфтаанд.

Тибқи «Дастурамали омории ҷиноятҳои характери коррупсионидошта ва феҳрести ин ҷиноятҳо», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 414 аз 7 сентябри соли 2006 тасдиқ карда шуда, ва тағйиру иловаҳо ба он 51 адад ҷиноятҳои дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобҳои 26 (ҷиноятҳо ба муқобили моликият), 27 (ҷиноятҳо дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ), 30 (ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиати хизмати давлатӣ), 32 (ҷиноятҳо ба муқобили адолати судӣ), 33 (ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ) ҷойгирифта ба ҷиноятҳои коррупсионӣ шомиланд.

Инчунин, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 адад ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҳамчун ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд эътироф шудаанд.

Ба ғайр аз ин, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 21 июли соли 2010 «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», аз 28 декабри соли 2012 «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» низ аз талаботҳои Стратегияи мазкур бармеоянд.

Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2013, №226 ва мутобиқи банди 48 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 тасдиқ карда шуда, инчунин бо назардошти ба итмом расидан мӯҳлати татбиқи Стратегияи зикршуда ва зарурати идомаи фаъолият дар ин самт маҷмӯи бар зидди коррупсия Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 таҳия гардида, ки заминаи васеи ҳуқуқиро фароҳам овард.

Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ҳамчун санади бармонавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, барои паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гашта, дар назар аст, ки дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (соли 2008) чунин иброз доштанд:

«Бо назардошти он, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додаем».

Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи таъсисёбӣ то ба имрӯз ба самти фаъолият, сохтор, ва ҳайати шахсии мақомоти махсусгардонидашудаи муборизабаранда зидди коррупсия дар ҷумҳурӣ диққати махсус медиҳанд.

Чунончӣ,  аз соли 2007 то ба имрӯз 6 маротиба ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, аз ин 5 маротиба сохтори Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармонҳои Президенти ҶТ аз 6 апрели соли 2007, аз 29 апрели соли 2008 № 450, 18 сентябри соли 2009 № 708, 18 октябри соли 2011, № 1151 ва аз 17 сентябри соли 2012, № 1351) тағйир дода шудааст.

Дар ин ҷода, яке аз тағйироти бениҳоят муҳим ва саривақтӣ дар низоми  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирии коррупсия ҳамчун усули самаранок табдил додани раёсати пешгирии коррупсия ба Сарраёсати пешгирии коррупсия бо зиёд намудани воҳиди корӣ мебошад.

Ҳамаи ин ва дигар чорабиниҳое, ки имрӯзҳо  амалӣ карда шуда истодаанд идомаи корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва буньёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, баҳри таъмини оромии ҷомеа,  ҳаёти осуда ва хуррами ҳар як шаҳрванди кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидаанд ва бевосита барои паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодияёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум  равона шудаанд.

Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим,  нозири калони сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg