БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хатарҳои истифодаи нодуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ

АНДЕША. Бо пайдоиш ва рушди Интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва кайҳон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва имкониятҳои фаровони Интернетро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд.

Созмони Милали Муттаҳид дастрасӣ ба Интернетро қисми таркибии ҳуқуқи инсон муайян карда, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ қабул гардиданд.

Ҳарчанд нақш ва аҳамияти Интернет барои инсоният бебаҳс аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро ба он водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки Интернет бошем.

Бо дарназардошти унсур, авомил ва хатарҳои маъмулӣ ба истиқлолияти давлатӣ истифодаи ғайримақсаднок ва нодурусти Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамчун хатари муосири геополитикӣ шинохта шудааст.

Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз ҷузъи таркибии рушдёфтаи Интернет ба ҳисоб меравад. Маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдиду хатарҳои муосири геополитикӣ нуҳуфта ва ё аёнанд.

Дар ҳудуди кишвари мо низ дар даҳсолаи аввали асри 21 Интернет рушд намуд. Ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон марҳила ба марҳила ташаккул ёфтанд ва бозори хизматрасониҳои Интернетиро ҳамчун манбаи сердаромад ҳадаф қарор доданд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ширкатҳои зиёде ба монанди: «Tcell», «ТаКом», «Мегафон», «Вавилон», «ТК-мобайл», «Saturn», «Телеком-Технолоджи», «Toj-net»  ва ғ. дастрасӣ ба интернетро пешниҳод мекунанд.

Дар баробари рушд ёфтани истеҳсоли компютерҳои киссагӣ ва телефонҳои ҳушманд шумораи муштариёни хизматрасониҳои интернетӣ ва махсусан иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ низ бештар гардид.

Шабакаҳои иҷтимоии маъмулӣ, ки ҷавонони мо бештар аз онҳо истифода мебаранд, инҳоянд: «Одноклассники», «Вконтакте», «Фейсбук», «Инстаграм», «Твиттер», «Лайвҷорнал» ва ғ. Рушд накардани як фарҳанги муайян дар истифодаи Интернет дар байни истифодабарандагони он, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд таҳдиду хатарҳоро бештар намуд.

Дар ҳар як шабакаи иҷтимоӣ ҳазорон гуруҳҳои алоҳида созмон дода мешавад, ки аксарияти онҳо бо номҳои мустаор ва иттилооти дуруғ ва таҳрифшуда ба қайд гирифта мешаванд. Маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба муҳтавои суҳбатҳои гурӯҳ кам аҳамият медиҳанд ва қариб, ки онро назорат намекунанд, чунки ин ба манфиати тиҷорати онҳо нест.

Дуруст аст, ки дар аввал шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои дохилии он бо мақсади мусоидат ба забономӯзӣ, таблиғи арзишҳои фарҳангиву туризм, муколамаҳои ҳамсинфон, ҳамкасбон, ҳаммиллатон ва ба ин монанд самтҳо таъсис дода мешавад, вале бо бештар гардидани аъзоёну иштирокчиёни он ҳадафҳои гурӯҳ тағйир меёбад. Аз ин имконият гуруҳҳои манфиатҷӯ истифода намуда, идеяҳои худро таблиғ мекунанд. Маҳз дар ин марҳила шабакаҳои иҷтимоӣ хатарафзо мешаванд.

Яке аз хатарҳои асосии шабакаҳои иҷтимоӣ дур намудани инсон аз асли иҷтимоиаш мебошад. Инсон ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ дар доираи ҷомеа рушд мекунад. Берун аз ҷомеа ва бидуни муносибатҳои инсонӣ ӯ аз асли худ дур мешавад. Бо пайвастан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар асоси муносибати виртуалӣ ва ғайримаъмулӣ ба монанади шиносоии виртуалӣ, суҳбатҳои виртуалӣ, бозиҳои виртуалӣ, алоқаҳои виртуалӣ ва ғ. амал мекунад, инсон оҳиста-оҳиста аз муносибатҳои маъмулӣ даст мекашад. Дур шудани инсон аз асли иҷтимоиаш боиси пайдо гардидани ихтилоф дар муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ӯ мегардад. Чунин инсон нисбат ба падидаву ҳодисаҳои ҷомеа бетафовут мешавад ва дар худ маҳдуд мегардад.

Хатари дигар шабакаҳои иҷимоӣ, ки дар рӯзҳои мо бештар ба назар мерасад, тавассути гурӯҳҳои ифротӣ мағзшӯи шудани ҷавонон мебошад. Бо ин васила ҷавонон иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ ба шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб гардида, барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ва ғ. осебпазир мегарданд. Бо маҳдуд гардидан ва таҳти назорат қарор гирифтани дигар роҳу усулҳои таблиғ ва ташвиқӣ идеяҳои иртиҷоӣ ва ифротгароёна гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд.

Гузоштан ва паҳн намудани маълумот, махсусан сурат ва наворҳои шахсӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз хатарҳои дигар маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи чунин амалкард дахолат ба ҳаёти шахсӣ сурат мегирад, сирри оилавӣ, хизматӣ ва давлатӣ фош карда мешавад. Маълумоте, ки дар назари аввал соддаву оддӣ менамояд бо гузашти вақти муайян ва тағйир ёфтани вазъ метавонад мушкилсоз гардад.

Яке аз хатарҳои дигари шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд пахш карда мешавад, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад. Ва ё инсонҳоро вобаста ба ин амалкардашон таҳқир намояд. Ҳамаи ин ба ахлоқи инсоният таъсир мегузорад ва боиси сар задани ихтилоф дар худшиносӣ, муносибатҳои хешутаборӣ, урфу одатҳои таърихан асосёфта мегардад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки пешниҳодоти зиёди саргармкунанда доранд истифодабарандагон, махсусан ҷавононро ба худ алоқаманд мекунанд. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ одат мешавад. Бе муҳобот ҳамон гунае, ки шахси майзада ба май ва муътод ба маводи мухаддир одат мекунад.

Маводу маълумотҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешаванд, маҳз аз тариқи иштирокчиёни он паҳн карда мешаванд. Шабакаҳои иҷтимоӣ маъмулан ба иштирокчии худ имкон медиҳанд, ки дар зери маводи чопшуда фикри худро нависад, тугмачаи «ба ман писанд аст»-ро пахш намояд ва ё ин маводро аз номи худ ба дустонаш дар доираи гуруҳ ва ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ фиристонад.

Агар дар аввал шахс ба мазмуни муҳтавои мавод шинос шуда, нисбат ба он мавқеъгирӣ кунад, бо бештар гардидани маводҳо, бо мазмуни мавод шинос нашуда, мавқеъгирӣ мекунад. Имрӯзҳо ҳолатҳои зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоӣ маводу маълумоти хусусияти экстремистидоштаро паҳн мекунанд ва ё ҳамон тугмаи маъмулии «ба ман писанд аст»-ро пахш менамоянд, ки ин баёнгари мавқеъгирии онҳо аст.

Албатта атрофи масъалаҳои таҳдид ва хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ метавон соатҳо баҳс намуд ва мақсади мо низ инкор намудани аҳамияти интернет ба инсоният нест. Фақат бо дарназардошти ба инобат гирифтани тавсияҳои зерин муносибат дар ин самт бояд ба кулли тағйир дода шавад:

- таблиғи фарҳанги истифода дуруст ва мақсадноки Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ;

- пурзӯр намудани муқаррароти қонунгузорӣ дар ин самт;

- маҳдуд намудани имкониятҳои ноболиғон барои дастрасӣ ба унсурҳои номатлуби Интернет;

- назорати оила, ҷомеа ва давлат дар ин самт;

- таблиғи оқибатҳои манфии истифода нодурст ва ғаймақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ.

Қодиров Суҳайлӣ Абдуҳафизович, сардори шуъбаи иттилоотӣ –таҳлилии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg