АНДЕША. Имрӯз шаҳрвандоне, ки ба сафи равия ва ҳизбу ҳаркатҳои ифротии динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони Ватан ва миллат ҳисобида мешаванд. Шояд дар зеҳни касе ин савол ба вуҷуд ояд, ки чӣ гуна онҳоеро, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, хоинони ватану миллат номидан мумкин аст? Таркиби ҷинояти онҳо чун хоини ватану миллат дар чист?
Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди “хилофат”-и худ пешбинӣ мекунанд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон, ки онҳо таҳия карда, дар расонаҳо расман паҳн кардаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон умуман, вуҷуд надорад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил буда, нисбати онҳо нафрати беандоза доранд. Хулоса, омадани онҳо ба маънои аз байн рафтани давлати мустақилли мо, нобудии таъриху фарҳанги мо ва нобудии миллати мо мебошад!
Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад. Яъне, ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, барои амалӣ шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлати худ, бар зидди ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ хоини Ватан ва хоини миллат мешавад!
Албатта, аъзои ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ ба сабаби барангехтани низоъ, даст доштан дар ҷангу хунрезӣ ва қатлу кушторҳои бешумор аз ҳар ҷиҳат ҷинояткоранд, аммо илова бар ин, бо сабаби дар муқобили ватану миллати худ қарор гирифтан, онҳо хоини ватану миллат низ ба ҳисоб мераванд. Ин аст масъалаи хиёнат ба ватану миллат дар таркиби ҷинояти ин гуна шахсон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ аз 26-уми июли соли 2015 дар бораи ин гуна шахсон чунин гуфта буд: “Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан - модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.”
Аз тарафи шаҳрвандон пурра дарк шудани ин ҷанбаи масъала барои ташаккули муносибати оштинопазири онҳо нисбат ба гурӯҳҳои ифротӣ бисёр муҳим мебошад.
Маҷидзода Ҷурахон Зоир, раиси Кумитаи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Иқтибос аз маводи конференсияи ҷумҳуриявии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар мавзӯи «Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо»