МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки
Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бо сокинон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот ва чорабинии ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робитаи ҲХДТ бо маҳал дар деҳаи Баҳодурон 1-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони деҳаи мазкур бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи ба номи Лоиқ Шералии ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуда, амали ваҳшиёнаи наҳзатиёни ифротӣ дар ноҳияи Данғараро муҳокима намуданд.
КӮЛОБ. Дар деҳаи Камари ҷамоати деҳоти Даҳана бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сокинон чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.
ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол” хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар Беморхонаи №2-и ҷамоати шаҳраки 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо иштироки табибону ҳамшираҳои беморхонаи мазкур соати сиёсӣ баргузор намуданд.
ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Даштаки ҷамоати деҳоти Лолазор хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
ВОСЕЪ. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди ин соҳа ва афзалият додани ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуберо муҳайё намуд.
ВАХШ. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар маҳаллаи «Б.Ғафуров» Аксияи тарғиботӣ-амамлии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» эълон карда шуд.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «15-солагии Ваҳдати миллӣ» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил иштирок намуданд.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12