БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми аввалиндараҷа доранд

ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз» хониши сиёсӣ баргузор карданд.

Дар хониши сиёсӣ масъулин аз рӯи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, моҳияти  китоби тозанашри «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!»-ро мавриди  муҳокима қарор доданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат оид ба самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои Президентӣ ва наздиҳавлигӣ, риояи дурусти кор дар соҳаи боғу токпарварӣ, инчунин парвариши растанӣ ва дигар зироатҳои соҳаи хоҷагии қишлоқ андешаронӣ  карда шуд.  

Раиси ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Кишоварзӣ» Бобоев Раҳим қайд намуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2018 ноҳия аз иҷрои дурнамои маҳсулоти  кишоварзӣ сарбаландона баромада, нақшаи дурнамо оид ба  пахтасупориро низ сарбаландона иҷро хоҳем кард. Тамоми хоҷагидорону кишоварзон бо дасту дили гарм бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар дар замин меҳнат намуда, ҷонибдории сиёсати Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg