ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва корманди масъули Кумитаи иҷроия Моҳира Одинаева дар асоси нақшаи баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо истиқоматкунандагони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрӣ гузарониданд.
Зимнан масъулин мақсад аз баргузории вохӯриро ба сокинон фаҳмонида, дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дар бораи Соли тақвияти робита бо маҳал, дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиткистон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои волои он андешаронӣ намуда, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони деҳа маҳсули дасти хешро ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан карда, ба ҳунару маҳорати ҳунармандии онҳо баҳои баланд доданд ва маслиҳат доданд, ки чунин касбу ҳунарҳои мардумиро низ ба насли наврасу ҷавон омӯзонанд.