ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Карл-Маркси ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва чавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ чорабинӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Зимнан Абдуллоева Шоира дар назди сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар бораи моҳияти озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои “Беҳтарин доиркунандаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи маҳал”, “Таррори беҳтарин”, “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Армуғони хатлонӣ”, “Маликаи Хатлон”, ки мардуми ноҳияи Шаҳритуз ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ шуғл доранд, андешаронӣ карда, онҳоро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.