БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон шукри номат мекунем…

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Деҳдарозак бо сокинону ҷавонон ва фаъолони ҳизб суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.

Суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ  доир карда шуд.

Вохӯриро мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим кушода, атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, расидан ба қадри арзишҳои волои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ, огоҳонидани мардум аз паёмадҳо хатаровари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, боз ҳам ривоҷу равнақ додани касбу ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, иштирокдоронро барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои бузург истиқбол гирифтани ҷашни 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg