ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту муассиса ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш бо иштироки муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази тропикӣ" хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи "Солимии оила, солимии ҷомеа" доир карда шуд.
Нахуст Ҷалилов Исмоил дар назди ҳозирин иброз намуд, ки барпо намудани оилаи солим бояд бо риоя кардани талаботҳои асосии қонуни никоҳ сурат гирад, зеро никоҳи хешутаборӣ эҳтимолияти бештари тавлиди фарзандони маъюбу носолим гардида, ба вайроншавии оилаи ҷавон, ба дунё омадани насли носолим оварда мерасонад.
Ҳамчунин масъули ҳизбӣ қайд дошт, ки Оила-ин асоси давлат ба ҳисоб рафта, бе он давлат ва ҷамъият вуҷуд дошта наметавонанд. Пойдорӣ ва солимии он пойдорӣ ва солимии миллат аст.