БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ рушд ёфта истодаанд

КӮЛОБ. Аз рӯи нақшаи баргузории чорабиниҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо ҷалби сокинон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти он мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Зиракӣ Ситораи Маҳмадалӣ иштирок ва баромад намуданд.Сокинон дар ин ҳамоиш ҳунарҳои дастии худро ба маърази дид гузоштанд.

Нахуст, дар ин чорабинӣ қайд карда шуд, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар баробари эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, дар беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Имрӯзҳо ҳунармандони моҳири тоҷик бо усулҳои бадеиву техникӣ нақшофарӣ, бофандагиву дӯзандагӣ, анъанаҳои касбиро рӯи кор оварда, онҳоро ҳамчун арзишҳои миллӣ ҳифз карда, дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватандорӣ нақши муассири худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg