БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф-инъикосгари зеҳну тафаккури миллат

ДАНҒАРА. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Дурахшон 1-и  ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид. Ҳамзамон дар доираи ин вохӯрӣ Аксияи ҳизбии “Мактаб даргоҳи маърифат!” баргузор шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Гулонов Фирдавс иштирок ва атрофи мавзӯъҳои таълиму тарбия ва касбомӯзии насли ҷавон, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон ва барҷомондагон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ суханронӣ намуд.

Инчунин, дар идома зикр гардид, ки бо оғози соли нави таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба толибилмон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва волидону омӯзгоронро зарур аст, ки аз чунин имкониятҳо самаранок ва саривақтӣ истифода намуда, насли ояндасози миллатро дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои олии кишвар, ватандӯстӣ ва азбарнамоии донишҳои замонавӣ, хусусан фанҳои дақиқ, технологияҳои коммуникатсионӣ ва забондонӣ равона намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg