БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон дар Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» фаъолона иштирок доранд

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашн 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси ҷавонони маҳаллаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Ҳалевард ҳашари умумӣ баргузор гардид.

Дар ҳашари умумӣ аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳайати  роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Саъдулло Нуруллоев фаъолона иштирок намуда, дар тозаю озода кардани кӯчаю ҷӯйборҳои  гузаргоҳҳои маркази маҳаллаи мазкур аз алафҳои бегона  ва патовҳо, ҳамзамон нарм намудани бехи дарахтон саҳми арзанда гузоштанд. Чунин корҳои созандагӣ  ва ободонӣ тибқи нақша чорабиниҳо дар дигар деҳаҳои ноҳия бо маром идома доранд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg