ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Гулафшон» бо иштироки сокинони кӯчаҳои баландошёнаи Сомони 26, 28 чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо як шаҳомати хоса баргузор гардид.
КӮЛОБ. Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.
ҚУБОДИЁН. Дар деҳаи Қиёти ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маънидод карда мешавад, вохӯрӣ баргузор гардид.
ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Пасариқ” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
ДАНҒАРА. Бо мақсади татбиқи сифатноки нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Нозироти андози ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванд мебошад».
ВАХШ. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шаҳри Ҳисор дар деҳаҳои ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш бо ҷавонон ва сокинони ҷамоати мазкур вохӯриҳо гузарониданд.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанги вилоят» тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
БАЛҶУВОН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳия бо сокинони деҳаи Чорбоғ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ доир намуд.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шоҳсутуни Сомониён” тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12