БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон меафзояд

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо аҳолии деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандию  нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сафари кории Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳарчи бештар вусъат додани кишти тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, рушди корҳои хоҷагидорӣ ва истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, андешаронӣ карда, иштирокдоронро ҷиҳати расидан ба қадру манзалати иқдомҳои неку созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои барномавии ҳизб- ҳамчун ҳизби пешбарандаи ҷомеа раҳнамоӣ намуд.

Баъдан Гадоӣ Сайдалиев дар бораи фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа фирку мулоҳизаҳои хешро дар назди ҷамъомадагон баён дошт.

Дар охир З0 нафар сокинони маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд, ки онҳо аз ҷониби масъулин бо хушнудӣ пазируфта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg