БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми худро мегузорем

ХОВАЛИНГ. Дар   асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд. 

Дар назди иштирокдорон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа баромад  намуд. Дар баромад  мавсуф дар баробари шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар бораи санаҳои мубораки дарпешистода   Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 –солагии Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар бораи ба истифодадиҳии агрегати аввали Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба таври муфассал сухан гуфт.

Халилзода Сафар қайд намуд, ки пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ва беҳбудии зисту зиндагии мардуми кишвар дар оянда аз бисёр ҷиҳат ба ин соҳа вобастагӣ дорад. Таъминоти ташкилоту корхонаҳо, аҳолии кишвар бо барқ сол то сол беҳтар мегардад. Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон маҳдудияти барқ аз байн бардошта шуд.

Дар баробари ин сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаион, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияи каммасраф кӯшиш намоянд. Яъне сокинон  ҳам метавонанд дар расидан ба истиқлолияти пурраи энергеткӣ саҳми худро гузоранд. Ин аст, ки сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти таблиғотии Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои гурӯҳҳои таблиғотии ҳизбӣ, ситодҳои доимоамалкунандаи ҳизбӣ ва дигарҳо эълон карда шудааст.  

Дар хониши сиёсӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Р. Собиров, аъзои ҳизб Г. Холов баромад намуда, ба ифтихори санаҳои муҳимитаърихии дарпешистода ваъда доданд, ки хизматрасонӣ ба аҳолиро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда,  дар иҷрои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ саҳмгузорӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg