БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки ҲХДТ сокинонро муттаҳид намуд

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  бо иштироки васеи сокинони маҳаллаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Меҳвар чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумии маҳал бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Ба ҳайати меҳмонон, ки  Файзиев Каримҷон - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Шарифзода Марям –вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ, Асоев Орзуҷон – намояндаи ҷамоати деҳоти Меҳвар шомил буданд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал Файзиев Каримҷон чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо Рӯзи қабули Конститусияи Ҷумхурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Он ҳуҷҷати тақдирсози давлату миллат буда, баёнгар ва таҷҷасумгари арзишҳои миллӣ, ҳисси баланди хештаншиносиву  худогоҳии миллӣ, танзимкунандаи волояти қонунҳо мебошад.

Шарифзода Марям- вакили ҳизбӣ оиди сазовор ҷашн гирифтани идҳои дар пешистода Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ ва иҷлосияи 16-уми  Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки дар муддати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба даст омаданд андешаронӣ намуд.  

Дар идома Асоев Орзуҷон аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм, оиди фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои  иртиҷоӣ ва ҷихати баланд бардоштани фарханги техникии мардум, махсусан ҷавонон ба хотири дуруст истифода бурдани технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоии  интернет ва ҳифз намудани ҷавонон аз таъсири онҳо баҳри пешгирии мағзшӯии онҳо аз тарафи аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ дастҷамъона саъю талош намоянд.

Як гӯшаи намоишгоҳи сокинони маҳал ба  намоиши асарҳои безаволи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буд. Ҳамчунин, бошандагон дастранҷи ҳунару заҳмати хешро, аз қабили кашидадӯзиҳои гуногун, маҳсулотҳои кишоварзӣ, оҳангарӣ, чубтарошӣ, кандакорӣ  ба маърази тамошо гузошта шуда  буданд.

Дар охир, барои таблиғу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи зебопарастӣ, амалишавии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар байни омма ва  иштироки фаъолона дар чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёӣи ва хунарҳои миллӣ раиси ташкилоти ибтидоии Чорсӯ Тураев Мутолиб ва беҳтарин ҳунармандони маҳал бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

                                                                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg