БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳашари дастаҷамъона дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»

ТЕМУРМАЛИК. Тибқи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ЊХДТ оид ба ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик баҳри анҷоми корҳои созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои зарурӣ  андешида мешаванд.

Аз ҷумла  дар назди соҳили дарёи Сурхоб  бо мақсади пешгирӣ аз обхезиҳо ҳашари дастаҷамъона бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик гузаронида шуд. Дар ин рӯз  қад-қади соҳил 45 адад симтур кашида, маҷрои об  гирифта  шуд. Дар кориватандӯстона  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  саҳми арзанда гузоштанд.

Ин амали  неку созандаи  иштирокдорони ҳашари дастаҷамъона  дар партави  Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ « Якҷоя ҳал мекунем!»  буда, армуғони муносиб мебошад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик минбаъд низ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе корҳои ободониву бунёдкориро  ба роҳ монда, дар ободонии  диёр саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg