БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Конститутсия шаҳодатномаи Истиқлолияти Тоҷикистон аст

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси накшаи чорабинихои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКСК” шаҳри Левакант мизи мудаввар таҳти шиори «Конститутсия-бахтномаи миллат» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, кормандони масъули Кумитаи иҷроии шаҳрии ҳизб  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат ҳусни оғоз бахшида,  Конститутсияро яке аз неъматҳои пурарзиши миллӣ дониста, ба маънои озодӣ, шинохти худ ва миллат, таъмини ободии Ватани азиз, фароҳам овардани шароити арзанда, ваҳдат ва суботи сиёсӣ арзёбӣ кард.

Инчунин, дар идома  қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

6-ноябри соли 1994 аз тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути райпурсии умумихалқӣ тағйиру илова ворид карда шудааст.

Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонд.

Мардуми Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияи кишварро дар айёме таҷлил менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро дар арсаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳким бахшидааст ва ин моҳ бисёр худ моҳи муборак мебошад ва ҷашнҳои зиёде ҳаст дар ин моҳ ва таърих худ гувоҳ аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg