БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба фаъолият шуруъ намудани чархаи аввали НБО-и Роғунро бесаброна интизоранд

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вохӯрии навбатӣ миёни аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» атрофи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати оғози кори чархаи аввали НБО Роғун ва ҷашнвораи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода, масъулин ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Фарҳод Обидзода ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, атрофи масъалаи болозикр муфассал суханронӣ намуд.

Аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯз мавзӯи бунёди Кохи нури Тоҷикистон-Роғун бо шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷӯҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мӯҳташам маводи ҷолибро ба мардум пешкаш менамоянд. Нерӯи зеҳнии Ҳукумати кишвар мисли Шамси тобон мунаввар гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд.

Дар рафти чорабини қайд гардид, ки баъди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи нави он 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул карда шуд. Дар миёни Қонунҳои амалкунандаи минтақа ва ҷаҳон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи махсусро ишғол менамояд. Дар он асосҳои сохти давлат, ҳуқуқ озодӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон, салоҳияти Маҷлиси Олӣ Президент ва амсоли инҳо мустаҳкам карда шудаанд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg