БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чархаи Роғун чу гардун мешавад...

ФАРХОР. Зери ҳамин мавзӯъ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тарафдорон»-и деҳаи Фозилони ҷамоати деҳоти Ғайрат баргузор гардид.

Дар назди ҳозирин муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар баромад намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иншооти стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гашта истодааст.

Акнун ин армони деринтизори миллат санаи 16-уми ноябри соли равон дар рӯзи солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон кушода мешавад.

Бояд ёдовар шавем, ки сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳанӯз соли 1976 бо иқтидорӣ лоиҳавии 3600 МВт оғоз гардида буд. Ин иншоот аз 6 агрегат бо тавоноии 600 МВт-и иборат ва бо баландии 335 метр сарбанд, ки дар ҷаҳон баландтарин сарбанд ба ҳисоб меравад, муайян шуда буд. Аммо бо барҳамхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сохтмон нотамом монд.

Бо ташаббусу иқдомҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ёфта, Оинномааш 15 апрели соли 2008 тасдиқ гардид ва сохтмон бо харидории саҳмияҳои НБО Роғун аз тарафи сокинони мамлакат шурӯъ шуд.

Тоҷикистон аз назари ҷуғрофӣ дар куҳсори Осиёи марказӣ қарор дорад ва чунин мавқеъият барои истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза «Энергияи сабз» мусоид мебошад. Бе сабаб нест, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат истиқлолият энергетикӣ муайян шудааст. Ин ҳадафи стратегӣ танҳо пурра ба қувваи барқ таъмин намудани мардуми Тоҷкистон нест, балки фаротар аз он аст. Тибқи арзёбии коршиносони соҳа иқтидори энергетикии Тоҷикистон дар як сол то 586 млрд кВт-соат мебошад. Мардуми Тоҷикистон умедвор аст, ки зери сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат ба ин ҳадафи олӣ мерасад.

Дар муроҷиатноми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки «Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт».

Акнун он рӯз ҳам мерасад мардуми Тоҷикистон санаи 16-уми ноябри соли ҷорӣ бо кушодашавии чархаи якуми НБО «Роғун» бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагию бунёдкоронаи худ дарак хоҳад дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg