А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷиҳати татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», бо мақсади сазовор таҷлил кардани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Пахтакор-2»-и деҳаи Пахтакор-2-и ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон ҳашари умумӣ баргузор гардид.































