МУЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо фаъолон ва истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи И.Сомонӣ оид ба баррасии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротзода оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ки саннаи 26.12.2018 ироа гардид, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии гаравиши шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги либоспӯшӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ба волидайн фаҳмонидани моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба ихтирооту технологияи муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, сазовор ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.
Инчунин, дигар шахсони даъватӣ низ фикру андешаҳои хешро баён карда, ба суолу дархостҳои сокинон ҷавобҳои мушаххас гардониданд.