БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ- асоси фаъолияти ҳизбиён хоҳад шуд

ПАНҶ. Ҷиҳати боз ҳам густариши иртибот бо мардум ва ҷалби оммаи васеи сокинон дар амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳо ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин, татбиқи ҳадафу вазифаҳо дар ростои солҳои 2019-2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба ҳамин васила саҳм гузоштан дар таҷлили сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти хатлон  “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” эълон гардид.

Барои  баррасӣ намудани ин масъала, ки ҷанбаҳои муҳими сиёсиро дар бар мегирад,  тибқи ҷадвали вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии “Ориёи”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  суҳбат роҳандозӣ гардид.

Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳошимов Тоҳир  мудири шуъбаи ташкилӣ, Атавуллоева Зебунисо мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон ва баҳисобгирӣ ва Ғафуров Сайдамир мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот  зимни  суханронӣ  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва вазифаҳои ҳизбиён дар самти ба мардум фаҳмонида додани муҳтавои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  андешаронӣ намуданд.

Аз ҷумла қайд шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми худ оиди расидан ба  истиқлолияти пурраи энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ибрози андеша карданд.

Баҳри амалӣ намудани нуктаҳои ин санади муҳим бояд ҳизбиён ташаббускор бошанд, тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва сафарбар намудани ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ саъю талош намоянд.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg