КУШОНИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар асоси нақшаи корӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази алоқаи Почта”-и ноҳия бо кормандони он оид ба тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб вохӯрӣ доир намуданд.
Зимнан масъулин аз нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта буд, ёдовар шуда, ҷамъомадагонро барои расидан ба қадри талошҳои Пешвои миллат баҳри зиндагии осоиштаи мардум ва боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азизамон даъват карданд.
Инчунин, дар идома масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, самаранок истифода намудан аз қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, тарбияи дурусти ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ, солҳои 2019-2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.
Сипас, кормандони ташкилот ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба корҳои созандагиву ободонӣ машғул шуда, дар саҳни корхона бехи гулу дарахтонро нарм ва аз алафҳои бегона тоза карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ду нафар ятимон аз оилаи Шовалиеваҳо кӯмаки моддӣ расонида шуд.