А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷиҳати татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», бо мақсади сазовор таҷлил кардани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Пахтакор-2»-и деҳаи Пахтакор-2-и ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон ҳашари умумӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар амалишавии корҳои ободонӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҷамолиддинин Маҳмадшариф мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ ба корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, ибрози ақида намуда, бо ҳамроҳии сокинони деҳаи мазкур роҳи байни деҳа, ки солиёни дароз фарсуда шуда, рӯи таъмирро надида буд, дастаҷамъона зиёда аз як километр роҳро сангфарш карда, корҳо дар 2 км роҳи боқимонда барои сангфаршу мумфаршкунӣ идома доранд.